Суръати афзоиш беш аз 200 фоиз

Февраль 25, 2013 16:06

Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ҷумҳурӣ вобаста ба мавсими кунунӣ дар айни замон ҶCШК «Ангишт», КФ «Шахтаи «Фон Яғноб» ва минтақаи «Ангиштӣ» — и КМ «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди ангишт машғул буда, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 24600,0 тонна ангишт истихроҷ намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13839,0 тонна зиёд буда ва суръати афзоиш 229 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин ҷода саҳми корхонаи фаръии «Шахтаи Фон Яғноб» хеле назаррас буда, то 20 феврали соли ҷорӣ ба миқдори 17669,0 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 12674,0 тонна зиёд ва суръати афзоиш 354,0 фоизро ташкил менамояд.Фурӯши ангишт дар ин давра аз тарафи ин корхона 16168,0 тоннаро ташкил дода, аз ин 14000,0 тоннааш ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва 14.00,0 тоннаи дигар ба ҶДММ «Корхонаи нонию қаннодӣ» ба фурӯш бароварда шудааст.Захираи ангишт дар анбори корхона 1501,0 тоннаро ташкил медиҳад.Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 25, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад