Т. Назаров—профессори фахрии Академияи миллии иқтисодии Чин

Февраль 27, 2013 15:18

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар ҳамоиши навбатии шӯрои олимони Академияи миллии стратегии иқтисодии Чин ба академики тоҷик Талбак Назаров дипломи «Профессори фахрӣ»-и ин академияи бонуфуз супорида шуд. Гуфта мешавад академики тоҷик ва собиқ вазири корҳои хориҷии кишвар Талбак Назаров барои саҳми бузургаш дар илми иқтисод ва хизматҳояш дар рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ин унвон қадрдонӣ шудааст.Бояд зикр кард, ки Талбак Назаров нахустин иқтисодшинос аз минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ба унвони «Профессори фахрии Академияи миллии стратегии иқтисодии Чин» мушарраф гардидааст.

Февраль 27, 2013 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад