Таҷлили солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар Пекин
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Пекин ба ифтихори 20 – солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси қабул ороста шуд. Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар доданд, дар шаҳри Пекин ба ифтихори ин санаи фархунда намояндагони расмии мақомоти мудофиавии давлатҳои дӯст, аз ҷумла ҳайати чернамояндаи Вазорати мдофиаи ҶМЧ бо роҳбарии генерал — майор Тси Говэй ҷамъ омаданд.Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов зимни суханрониаш аз таърихи истиқрор ва рушди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, мақоми басо муҳими онҳо дар таъмини соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар нақл кард. Сафир ба рушди босуръати ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи ҳарбӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд. Зикр шуд, ки ин ҳамкорӣ ҷавобгӯи манофеи куллии ҳар ду давлату халқҳо буда, таҳкурсии ҳамсоягии нек ва дӯстиро мустаҳкам намуда, ба ҳифзи сулҳу амният ва оромии минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






