Тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ- рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар қисми ҳарбии 45005 ва 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 феврали соли равон дар полки комендантии Вазорати мудофиаи ҶТ муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев бо сарбозон мулоқот анҷом дод. Мавсуф зикр кард, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон аз рукнҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон буда, дар ин самт кумита тавассути дастгирии ҳукумати мамлакат як қатор тадбирҳои муҳимро, аз қабили қабул ва татбиқи барномаҳои дурнамои давлатӣ, масалан «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон» анҷом дода истодааст. Ҳадаф аз татбиқи барнома баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, инкишофи корҳои ҳарбию техникӣ миёни насли ҷавон маҳсуб меёбад. Кабирҷон Ҷӯраев тазаккур дод: “Мо масъулини кумита чун аз рӯйи вазифа ва масъулияти давлатӣ бо ҷавонон ва насли ҷавони ҷомеа сарукор дорем, пайваста саъйю талош меварзем, ки насли наврасу ҷавонро ба роҳи тарбияти ватанпарастӣ, гиромидошти забон ва муқаддасоти миллӣ, бедорӣ ва истиқлоли фикрӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва идеалҳои миллӣ, худогоҳию худшиносӣ тавассути баргузории маҳофилу нишастҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо раҳнамун намоем, то онҳо тавонанд дар самти худогоҳию худшиносӣ ва ватанпарастию ҳуввиятсозӣ қадамҳои устувор ниҳанд». Вохӯриҳо дар қимҳои ҳарбие. ки дар шаҳри Душанбе воқеанд, идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






