Ташкили парваришгоҳ дар Данғара

Февраль 11, 2013 10:33

Душанбе, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар минтақаи «Тутбулоқ»-и ноҳияи Данғара дар майдони 1000 гектар бунёди парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир оғоз шуда, ҷиҳати ташкили он беш аз 650 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.  Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон дар мавзеи Сайёди Данғара дар майдони 818,5 гектар корҳои ҷангалбунёдкунӣ гузаронида шуда, ба теъдоди беш аз 260 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Инчунин зиёда аз 800 килограмм тухмии бодоми талхдона кишт гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ин мавзеъ ҳамчунин дар масоҳати 132 гектар дар ҷангалҳои солҳои қаблӣ бунёдшуда пурракунонии зичии байни ниҳолҳо гузаронида шудааст.

Февраль 11, 2013 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш