Телевизионҳои мустақил ҳам ба пахши рақамӣ мегузаранд?
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Рўзи 9 феврал дар шаҳри Хуҷанд тақдири телевизионҳои мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ дар меҳвари гуфтугўи роҳбарони телевизион ва радиоҳои мустақили кишвар қарор мегирад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, чорабинии мазкур бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ ва мусоидати молиявии Фонди канадагии ташаббусҳои маҳаллӣ гузаронида мешавад. Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ соли 2011 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи манофеи ташкилоти мустақили радиотелевизионӣ ва продакшн-студияҳо мебошад. Муассисони он ТВ «СМТ», ТВ «Мавҷи озод» , ТВ «Регар», ТВ «Қўрғонтеппа», ҶДММ «Ориёномедиа», ТВ 5-и Конибодом ва ТВ «Симо»-и Панҷакент мебошанд. Дар айни ҳол 15 воситаи электронии ахбори мустақил узвияти Ассосиатсияро пазируфтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






