“Васфи Ватан” ҷамъбаст гардид
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 15 феврали соли 2013 дар толори калони консертии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов даври ниҳоии Фестивали мусиқии «Васфи Ватан» баргузор гардид. Фестивали мазкур бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ташкил шуда, нашрияҳои «Минбари халқ», «Мароми пойтахт», АМИТ «Ховар» ва сомонаи ҳизбии tribun.tj ба ҳайси сарпарастони иттилоотӣ баромад карданд. Бояд тазаккур дод, ки ин Фестивал аз аввали моҳи феврал оғоз гардида, зиёда аз 38 суруду таронаҳо аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва Коллеҷи санъати Тоҷикистон ба номи А.Бобоқулов дар васфи Ватан пешниҳод гардида, дар даври ниҳоӣ 16 номер интихоб шуд. Дар даври ҷамъбастии Фестивали мусиқии «Васфи Ватан» аскарону афсарони гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе, роҳбарияти ҲХДТ, намояндагони фраксия, вазоратҳо ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти Фестивал барои иштирокчиён аз ҷониби муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров диплом ва рамзи таъсиснамудаи Фестивал тақдим карда шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






