Вохӯрии донишҷӯёни тоҷик бо шоир А. Афғонов
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар шаҳри Краснодари Русия ба ифтихори Рӯзи муҳофизи Ватан дар Маркази фарҳанги миллии «Меҳри сомониён» — и тоҷикон маҷлиси вохӯрии аъзои «Клуби студентони тоҷик» бо шоири русзабон Алексей Амиршоевич Афғонов баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Аз ашъори Алексей Афғонов навои назми шоирони Шарқу Ғарб аз қабили Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём, Александр Пушкин, Сергей Есенин, Лоиқ Шералӣ ва шоирони дигари русу тоҷик ба гӯш мерасад. Алексей Афғонов зимни суханрониаш ба муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷики сокини Русия маслиҳатҳои муфид дода, аз бурду бохти эҷодиёташ нақл кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






