Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири молияи Давлати Кувайт
Душанбе, 27 феврал (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов 24 феврали соли 2013 бо ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Кувайт – муовини вазири молияи Давлати Кувайт Халифа Мусоид Ҳамода мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масоили рушди алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат муҳим шумориданд. Халифа Мусоид Ҳамода зикр кард, ки ҷониби Кувайт омода аст робитаҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, илм ва фарҳанг густариш диҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






