Ярмаркаи фурӯши ниҳолу кӯчатҳо дар Қӯрғонтеппа
Қӯрғонтеппа, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Рӯзи якшанбеи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ярмаркаи фурӯши ниҳолу кӯчатҳо баргузор гардид. Тавре ки аз раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ярмарка беш аз 100 хоҷагии парваришкунандаи ниҳолу кӯчатҳо иштирок намуда, беш аз 30 ҳазор ниҳолро ба маърази фурӯш гузоштанд. Дар ҷараёни ярмарка шартномаҳои ба хоҷагиҳои вилоят фурӯхтани ниҳолҳо имзо шуданд. Дар охири ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб низ чунин ярмарка доир мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






