«Зарбулмасал -дар сухан асал»
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Беҳтарин зарбулмасалу мақолҳои 33 халқи ҷаҳонро дар як маҷмӯа гирд оварда, дастраси хонандагон гардонидани олими ҷавону сермаҳсул Дилшод Раҳимов бешубҳа амали нек аст. Китоби мазкур таҳти унвони «Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон» аз тариқи нашриёти «Истеъдод» нашр гардид. Мураттиб бештари зарбулмасалу мақолҳоро аз маҷмӯаҳои гуногун аз забони русию англисӣ ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.Дар зарбулмасалу мақол- афкору таҷриба, маишату муносибот ва арзишҳои моддиву маънавии мардумон бозтоб ёфтааст. Ҳамчунин дар ин жанри фолклор таҷрибаҳои чандинасраи мардум хеле муъҷаз ва ихчам оварда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






