Зарурати ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар Тоҷикистон бояд корхонаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ бунёд намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд, ки ин тақозои ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст», — гуфт муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев дар ҷараёни мулоқот бо намояндаи тиҷоратии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Ҳусайн Ҳошимӣ, ки 20 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Асаналӣ Карамалиев зимни мулоқот аз муносибатҳои тиҷоратии палата бо соҳибкорони Эрон муфассал нақл кард. Мувофиқи суханони мавсуф, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Эрон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳар сол дар Тоҷикистон намоишгоҳҳои маҳсулоти Эрон доир мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






