Қабули шаҳрвандон бо усули нав

Март 27, 2013 14:13

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Марҳилаи навбатии қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфт. 26-уми марти соли равон бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, мудирони шуъбаю сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута бо усули нав- «Равзанаи ягона» дар ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳияи Панҷакент қабули шаҳрвандон доир гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, дар ин рӯз дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо масъалаҳои мухталифи ҷамъиятиву хусусӣ 176 нафар сокинон ширкат варзиданд ва ба роҳбарони шуъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ арзу шикоят ва дархосташонро иброз намуданд.Бештари сокинон перомуни масоили тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъминот бо оби полезию ошомиданӣ, набудани майдончаҳои варзишӣ, хуб кор накардани хатти барқ дар баъзе минтақаҳо ва мусоидат ба сохтани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ муроҷиат карданд. Нимаи дуюми рӯз Қоҳир Расулзода ба ҷамоати деҳоти Косатарош рафта, бо сокинони якчанд ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент мулоқот орост.Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандони шаҳри Панҷакент имрӯз низ идома меёбад.

Март 27, 2013 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд