Қирғизистон Наврӯз дорад
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, Иттиҳодияи ҷамъиятии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Қирғизистон ва ҳамватанони дигари сокини ин кишвар бахшида ба иди Наврӯз маҷлиси ботантана баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони парлумон — Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, роҳбарони вазорату идораҳо, Иттифоқи ҷамъиятҳои дӯстӣ ва ҳамкории Қирғизистон бо кишварҳои хориҷӣ, Ҷамъияти дӯстии Қирғизистону Тоҷикистон, Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон ва баъзе гурӯҳҳои этникии ҷумҳурӣ, сиёсатмадорон ва ходимони намоёни аҳли ҷамъияти Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат доштанд. Дар ҷамъомад сафирони давлатҳои хориҷӣ, ходимони намоёни сиёсию ҷамъиятии Қирғизистон баргузории ин чорабиниро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва халқи Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






