Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон
Душанбе, 29 март.( АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар аз 2 юм то 9- уми апрели соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, чорабиниҳои фестивал дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, нашриёти «Адабиёти бачагона», гимназияи «Душанбе», СКМ ба номи А.Лоҳутӣ ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №59- и ноҳияи Файзобод, Қасри фарҳанги шаҳри Роғун, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №88- и шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12- и шаҳри Душанбе, Хонаи фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №77- и шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70- и шаҳри Душанбе, Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №79-и шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №48- и шаҳри Душанбе, СКМ ноҳияи Ҳисор, мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №93 — и шаҳри Душанбе, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №58- и шаҳри Душанбе ва Хонаи фарҳанги ноҳияи Варзоб доир мегарданд. Дар ҷараёни ҷашнвора намоиши китобҳои тозанашр, намоиши маҳсули дастони бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






