Ҳавасмандии соҳибкорони хориҷӣ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Душанбе чанде қабл бо иштироки соҳибкорони Эрон, Туркия, АМА, Чехия ва Тоҷикистон форуми соҳибкорон баргузор гардид. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси кумита Давлаталӣ Саидов фаъолияти соҳибкориро яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ ва бартараф намудани ҳама гуна монеаҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.Аз ҳамаи соҳибкорон даъват шуд, ки ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар доираи қонунгузориҳои амалкунанда бо истифода аз имкониятҳо ва захираҳои мавҷуда саҳмгузор бошанд.Дар ҷараёни форум ҷонибҳо ҳавасмандии худро доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, омодагии худро барои дар оянда густариш бахшидани корҳо дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ иброз намудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






