Ҳ. Зарифӣ нусхаи эътимодномаи сафири Швейтсарияро қабул намуд
Душанбе, 5 март (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 4 марти соли 2013 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори навтаъйини Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона ҷаноби Мауро Рейнаро қабул намуд. Пас аз маросими расмии супоридани эътимодномаҳо вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Швейтсария барпо гардид. Вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, сипоси хешро оид ба дастгирии раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СУС баён кард. Вазири корҳои хориҷӣ нақши фаъоли Швейтсарияро дар татбиқи барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон зикр намуда, иқтидори бузурги рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун зикр намуд. Як самти ҳамкориҳоро вазир тадқиқоти пиряхҳоеро, ки дар Помир ҷойгиранд, номид. Ҳамкорӣ дар ин соҳа барои манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа хоҳад буд. Дар навбати худ сафир Мауро Рейна вазири корҳои хориҷӣ доир ба сафари ҷории ҳайати иқтисодии Швейтсария ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки 5-6 марти соли ҷорӣ барпо мегардад, маълумот дод. Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, мисли СММ ва САҲА ва инчунин имкониятҳои минбаъдаи тавсеаи онҳоро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






