Ҷамъбасти «Инъикоси образи мусбати зан дар ВАО»
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Озмуни «Инъкоси образи мусбати зан дар ВАО» ҷамъбаст гардид. Ин озмун бо мақсади тарғибу ташвиқи образи зан дар ҷомеа ва дарёфти чеҳраҳои нав аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон шуда буд.Дар озмуни мазкур 15 муаллиф бо 22 маводи чопиву телевизионӣ иштирок карда, 8 нафари онҳо ғолиб омаданд. Ҷойи аввалро дар матбуот Хуршеда Содиқова («Согдийская правда») ва зинаҳои баъдиро Субҳиддин Сайфиддинов («Насими Исфара» ва «Ҳақиқати Суғд») ва Маҳмудҷон Ҳусейнзода («Хуҷанд») ишғол намуданд. Сомонаи расмии МИҲД вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар соҳаи телевизион ҷойи аввалро Муҳаббат Муродова (Телевизиони«СМ-1»), ҷойҳои дуввумро Ҳадя Набизода (Телевизиони вилояти Суғд), Шаҳноза Ғафурова (Телевизиони «Диёр») ва ҷойҳои сеюмро Ганҷинаи Илҳомҷон ва Дилфуза Раҳматова (Телевизиони«Диёр») соҳиб шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






