Ҷамъбасти мусобиқаи «Наврӯз-2013»
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии Тоҷикстандарт» 17 марти соли равон вохӯрии ниҳоии дастаҳои кормандони 12 филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми «Наврӯз-2013» дастаи раёсати Амонатбонк ва дастаи филиали бонк аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат намуданд ва дастаи раёсати бонк пирӯзӣ ба даст овард. Дар маросими супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми «Наврӯз-2013» раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова иштирокчиёнро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, ба онҳо дар кору рӯзгор барору комёбӣ таманно намуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






