Ҷамоати Сағирдашт рушд меёбад
Хоруғ, 20 март.(АМИТ «Ховар», Ҷангибек Улфатшоев). — Ҳафтаи гузашта гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ноҳияҳо сафари корӣ анҷом дода, вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дар ноҳияҳо омӯхтанд. Омӯзиш муайян намуд, ки дар ноҳияҳо пешравиҳои чашмгир ба мушоҳида мерасанд. Мисоли равшан ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз маҳсуб меёбад. Ҷамоати деҳоти Сағирдашт дар ноҳия калонтарин буда, дорои 17 деҳа ва 723 хоҷагӣ мебошад. То 1 январи соли 2013 дар ҷамоат 5098 нафар иқомат доранд. Тибқи барнома дар маркази ҷамоат сехи хурди коркарди пашм ба истифода дода шуд, ки дар он 5 нафар кор мекунанд. Дар ҷамоат 29 нуқтаи хизматрасонии маишӣ фаъолият дорад. Шуғли асосии сокинони ҷамоат истеҳсоли маҳсулоти кишоварзист. Соли 2012 дар ин ҷо 31045 сентнер ғалладона, 26 199 сентнер картошка, 1440 сентнер сабзавот ва 1267 сентнер мева истеҳсол гардид, ки ин ба ҳар сари аҳолии деҳот 5, 67 сентнер ғалладона, 5, 13 сентнер картошка, 0, 3 сентнер сабзавот ва 0, 25 сентнер мева рост меояд. Соли 2011 Муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди ҷамоати деҳот ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ кӯпрукро барқарор намуд. Барои васеъ намудани роҳи мошингарди Дударгӣ — Сағирдашт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 16 ҳазор сомонӣ маблағ истифода гардид. Соли 2009 беморхонаи минтақавии Сағирдашт аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, ки барои ин кор аз буҷаи маҳаллӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






