Ҷониби Кувайт хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон шуд
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳро ба ҳузур пазируфт. Таҳкими робитаҳои сиёсиву иқтисодии байни ду кишвар аз мавзуоти асосии мудолоқлт маҳсуб мешуданд. Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт, шайх Холид ал-Ҳамад оли Сабоҳ дар суҳбат бо хабарнигорон баргузории ҷаласаи 11 уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанберо дар самти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзо муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Давлати Қатар омодааст, то ҳамкориҳои гуногунсоҳаро бо Тоҷикистон тақвият бахшад. Ба андешаи номбурда сафарҳои расмии роҳбарони Тоҷикистон ва Кувайт ба кишварҳои ҳамдигар дар самти таҳкими босамари ҳамкориҳои дуҷониба нақши муассир хоҳанд гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






