Ба қонуни гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо тағйирот ворид мегардад
Душанбе, 18 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» тағйирот ворид намояд. Масъалаи мазкур 18 март дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа»-ро муҳокима намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон», Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-Ӯзбекистон ва Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон матраҳ гардиданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Амирқул Азимов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шӯро доир ба масъалаҳои баррасишуда ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ ва зиёд намудани истеҳсол ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ дар дохили кишвар, мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд.








Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






