БДА хабар медиҳад

Март 12, 2013 11:22

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки рўзи 13 марти соли равон аз соати 09.40 то 10.00, аз 12.00 то 13.00, аз 15.00 то 15.10, 15.40 ва 19.50 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рўдакӣ манъ мешавад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кўчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дўстии Халқҳо ва Айнӣ истифода баранд. Ҳамчунин рўзи 14 марти соли равон аз соати 09.20 то 11.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рўдакӣ ва аз соати 12.45 то 13.30 дар хиёбони Рўдакӣ, Айнӣ, Аҳмади Дониш аз чорроҳаи кӯчаи А.Дониш-Айнӣ то Фурудгоҳ, дар хиёбони И.Сомонӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рӯдакӣ манъ мешавад.Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути кўчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дўстии Халқҳо ва Айнӣ ҳаракат кунанд. Дар ин бора сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Махмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Март 12, 2013 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд