Боздид аз АНМН
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 20 март зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо роҳбари Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба масоили Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Колин Робертс ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд – Смит масоили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкорӣ баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани қӯшунҳои НАТО мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар меҳмононро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард. Рустам Назаров ҳамкориро бо Агентии мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар Британияи Кабир ба таври махсус қайд намуд. Ҷаноби Колин Робертс дар навбати худ зикр намуд, ки ҳукумати Британияи Кабир ба масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа ва хусусан дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои фаъолияти судмандашон дар ин бахш изҳори сипос намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






