Боздиди кормандони намояндагии ҲФ ҶТ аз қабулгоҳи махсус
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ЧТ дар ФР ба манзури шиносоӣ бо шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав дидан намуданд. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР, дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти Марказ маълум шуд, ки то 5 марти соли ҷорӣ дар ин муассиса 85 нафар шаҳрвандони ҶТ нигоҳ дошта мешудаанд, ки бо қарори суд афв карда шудаанд.Дар ҷараёни сӯҳбат бо кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷират шаҳрвандони Тоҷикистон аз шароити буду бошашон дар ин ҷо нақл карда, гуфтанд, ки ҳар рӯз се маротиба бо таоми гарм таъмин гардида, аз хидматрасонии тиббӣ бархӯрдоранд.Кормандони намояндагӣ хабар доданд, ки шаҳрвандон ҳар ҳафта давра ба давра ба ватан фиристода мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






