Боздошти марзшикан
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қонунгузории амалкунанда, шаҳрвандон ба таври ғайриқонунӣ, бидуни хуҷҷати муайяншуда ва иҷозати зарурӣ ҳуқуқи гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд. Вале ашхоси алоҳида талаботи ҳатмии қонунро дағалона вайрон карда, ҷиноят содир менамоянд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба ҳамин гуна қонуншиканӣ шаҳрванди ҶТ Расулов Юсуф Одилшоевич, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Шидзи ноҳияи Рўшон даст зада, дар ҳудуди минтақаи мазкур, бо истифода аз камераи мошин сарҳади давлатии Тоҷикистонро бо Афғонистон ба таври ғайриқонунӣ убур кардааст. Кормандони РКДАМ ҶТ дар ВМКБ Расулов Юсуфро аснои бозгашт аз қаламрави кишвари ҳамсоя боздошт намуданд. Сарчашмаи мазкур ёдовар шуд, ки дар ҷараёни идомаи тафтиши пешакии ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир охири моҳи январи соли равон дар ҳудуди деҳаи наздимарзии Ёмчи ноҳияи Шуғнон, ки дар натиҷа сарвари қочоқчиён шаҳрванди ҶИА Қурбон валади Файзмамад безарар гардонида шуда, аз ҷинояткорон як адад автомати Калашников, 530 грамм маводи мухаддири сахттаъсири навъи героин, 1 килограму 605 грамм ҳашиш мусодира гардида буд, кормандони РКДАМ ҶТ дар ВМКБ бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят шаҳрванди ҶИА Алидод валади Мирдод, соли таваллудаш 1989, сокини қарияи Дишор, улусволии Шуғнони вилояти Бадахшон, донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғро низ боздошт намуданд.Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






