Брифинги ҳайати ИМА дар Душанбе

Март 1, 2013 16:06

Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар»).- 28 феврали соли 2013 дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати ИМА брифинги ҳайати ИМА барои намояндагони расмии Тоҷикистон оид ба вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Бо мақсади барпо намудани брифинги мазкур ҳайати Департаменти давлатӣ ва Вазорати мудофиаи ИМА аз Вашингтон ба Душанбе сафар намуд. Ҳайати ИМА-ро ёвари вазири мудофиаи ИМА Дэвид Сидней ва муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Лин Трейси роҳбарӣ намуданд. Дар брифинг намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ низ иштирок доштанд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иктишоф ва тайёрии махсус Раҷабалӣ Маҳмадалиев роҳбарӣ намуд. Зимни брифинг ҳайати ИМА ба ҷониби Тоҷикистон доир ба вазъи амниятии имрӯзаи Афғонистон ва нақшаҳои муштарак оид ба интиқоли уҳдадориҳои амниятӣ ба Ҳукумати Афғонистон маълумот то соли 2014 ва пас аз онро пешниҳод намуд ва ба саволҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногун посух дод. Бояд зикр кард, ки ин даври сеюми брифинги мазкур мебошад ва он ҳар сол мунтазам аз соли 2011 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Март 1, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд