Дарвозабони ЦСКА «Помир» баргашт
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Яке аз беҳтарин дарвозабонҳои мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон, дарвозабони пешини ЦСКА «Помир» Анатолий Старушенко, ки муддате дастаро тарк кардаву ба Украина рафта буд, дубора ба ҳайати ин даста бармегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ЦСКА «Помир» иттилоъ дода афзудааст, ки дар мавсими нави футболи кишвар, ки моҳи апрел шуруъ мешавад, Анатолий Старушенко боз дарвозаи ин дастаро муҳофизат хоҳад кард. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин дарвозабони 25-солаи украинӣ аз моҳи июли соли 2011-ум дар ҳайати ЦСКА «Помир» бозӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






