Донишҷўи ДМТ сазовори номинатсия дар «Соҳаи иҷтимоӣ»

Март 6, 2013 09:47

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сйёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012-2013 оид ба татбиқи «Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020», ки дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 майи соли 2012 тасдиқ гардида буд, ҳамкории зич ва судманд дорад.Дар дуюмин фестивали илмию эҷодӣ байни донишҷӯёни кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзўи «Ақида дорам» ё «Есть идея», ки аз ҷониби Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод шуд, озмун. эълон гардидФестивали мазкур аз 8 номинатсия — тарзи ҳаёти солим, маориф, соҳаи иҷтимоӣ, таъмин бо манзил ва кор кунӣ, рушди технологияи муосир, муҳити зист ва рушд, деҳот ва дигарҳо иборат буд.Мақсади асосии фестивал фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи корҳои эҷодию илмии ҷавонони лаёқатманд, ҳавасмандгардонии онҳо дар самти фарҳангӣ ва дастовардҳои ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба фаъолиятҳои тадқиқотӣ; баланд бардоштани эътибори ҷавонони ташаббускор дар самти эҷодию илмӣ; ҷалби ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ ва самти иҷтимоии ҷавонон мебошад.Баъд аз баррасии мавзуъҳои пешниҳод намудаи донишҷӯён кумита дар 5 номгӯй корҳои илмию эҷодии донишҷӯёнро ба ҳайати комиссияи масъул пешниҳод намуд.Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳмуд Амиров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки донишҷўи бахши 5 факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азимзода Азимҷон дар номгӯи «Соҳаи иҷтимоӣ» сазовори ҷои сеюм гардид. Барои иштирок дар маросими ҷоизасупорӣ мавсуф ба Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват гардидааст.

Март 6, 2013 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад