Донишварони Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 13 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат аз синфҳои ибтидоӣ ва таълими онҳо дар самтҳои муайяни фанҳо раёсати маорифи вилояти Хатлон озмунеро таҳти унвони «Донишвари умедбахш» роҳандозӣ намуд, ки он дар се давр гузаронида мешавад ва ғолибони даври аввал ба даврҳои навбатӣ роҳхат мегиранд. Дар озмуни «Донишвари умедбахш» хонандагони синфҳои аз 1 то 4 вобаста ба лаёқаташон аз рӯи се шарт саводу маҳорати худро месанҷанд. Довудшоҳи Муҳаммад лаёқату истеъдоди фавқулодда дорад. Ӯ дар кӯтоҳтарин муддат шеърро аз ёд карда, мисолу масъалаҳои фанни риёзиро ҳал менамояд. Ӯ дар даври аввал дар ноҳияи Восеъ дар байни хонандагони 72 мактаб ҷои намоёнро ишғол намуда, ба даври навбатӣ гузашт. Мувофиқи оинномаи озмун ба даври навбатӣ аз ҳар як ноҳия бояд 15 нафарӣ хонандагон роҳхат мегирифтанд, вале шавқу завқи наврасонро ба инобат гирифта, то 20 – 25 нафарӣ ҳамроҳи муаллимон ба озмун ҳозир шуданд. Дар ҷамъбасти озмун хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ соҳиби як ҷои аввал, як ҷои дуввум, се ҷои сеюм ва шаш ҷои ифтихорӣ гардиданд. Наврасони ноҳияҳои дигар низ бо донишу маҳорати хеш соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилоят шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






