Фармони вазири ВКД перомуни ҷустуҷӯи хурдсолони гумшуда
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).- Вобаста ба ҳодисаи гум шудани ноболиғон Малика Аралова ва Сабина Аралова дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гуруҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, гуруҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисона варзида созмон дода шуда, ҳама фарзияҳо оид ба бедарак шудани ноболиғони мазкур мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор дода шуда, тамоми тадбирҳои дахлдор барои дарёфти онҳо андешида мешаванд. Бори дигар аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбат ба ноболиғони мазкур ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягон ҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тавассути «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё бо телефонҳои 91-900-12-00, 91-970-55-33 хабар диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






