Фоида аз ниҳолпарварӣ

Март 19, 2013 15:30

Рашт, 19 март. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» — и ноҳияи Рашт (сарвараш Маҳмаднаим Наимов) асосан ба ниҳолпарварӣ машғул буда ҳар сол аз ин соҳа даромади хуб ба даст меоранд. Ҳоло хоҷагӣ дар ихтиёри худ 8 гектар замин дорад, ки дар 4 гектари он боғ бунёд карда, дар 2 гектар ниҳолҳои гуногун шинонида ва дар ду гектари дигар зироатҳои гуногун мекоранд. Меҳнаткашони хоҷагӣ соли гузаштаро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст намуда, 115 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварданд.Хоҷагӣ баҳори соли ҷорӣ 90 ҳазор ниҳоли себу муруду зардолу, ноку шафтолу ва чормағзи фурӯшӣ ва 5 ҳазор ниҳоли ороишдиҳанда барои фурӯш ба хоҷагиҳои тобеи ҷумҳурӣ пешкаш намуд.

Март 19, 2013 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш