Густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо сайёҳони ҷаҳон
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайрулло).- Дар рейтинги ҷаҳонии кишварҳо оид ба индекси рақобатпазирии бахши сайёҳӣ дар соли 2013 (Travel and Tourism Competitiveness Index 2013) миёни 139 кишвар Тоҷикистон мақоми 114-умро касб кард. Дар гузориши таҳлилии Форуми иқтисоди ҷаҳонӣ зикр мегардад, ки дар индекс аз рӯйи 14 нишондиҳанда, аз ҷумла аз заминаи меъёрӣ ва устувории экологӣ то захираҳои фарҳангӣ ва табиӣ баҳогузорӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки се мақоми аввали рейтингро давлатҳои Швейтсария, Олмон ва Австрия ишғол намуда, миёни кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ Русия зинаи 59-ум ва Қирғизистон мақоми 107-умро касб кардаанд. Дар айни замон дар самти сайёҳӣ Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ муносибатҳоро густариш бахшида, баҳри ҷалби сайёҳон дар кишварҳои хориҷӣ гӯшаҳои махсуси шиносоӣ бо Тоҷикистон таъсис ва дар тамоми конфронсу вохӯриҳои байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ ширкат меварзад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






