Гузориши таҳлилии вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гузориш «Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таҳлили маълумоти фаврӣ, аз ҷумла воқеӣ, андозу буҷа, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иттилооти мухтасар оид ба мамлакатҳои ИДМ омода шудааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ доданд, ки ин гузориши таҳлилӣ дар асоси таснифоти намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба меъёрҳои байналмиллалии таснифот мувофиқат мекунад, тартиб дода шудааст. Сарчашмаи асосии иттилоот барои гузориш маълумоти расмие, ки мақомоти омор аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо усули фарогирии пурра, тадқиқоти интихобӣ ва дигар шаклҳои мушоҳидаҳои оморӣ гирифтаанд, инчунин маълумоти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд ва бо методологияи мувофиқашудае, ки муқоисакуниҳои байналмилалиро таъмин менамоянд, ба ҳисоб гирифта шудаанд. Бояд гуфт, ки гузориш барои мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, оморчиён, иқтисодчиён, кормандони илмӣ, мутахассисоне, ки ба маълумоти оморӣ дар бораи рушди ҶТ мароқ доранд ва дигар истифодабарандагон омода гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






