Хонандагони тоҷик дар нанотехнология ҳам пешсафанд
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Се нафар хонандаи гимназия- парваришгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия- «Ҳотам ПВ» дар шаҳри Маскав дар озмуни интернетие бо номи «Нанотехнология — ҷаҳиш ба оянда» ғолиб омада, барандагони ҷоизаҳои ин озмун шуданд. Бино ба иттилои устоди ин гимназия Хурсанд Ёров озмуни мазкур байни хонандагони макотиби миёна, донишҷӯён ва пажуҳишгарон баргузор гардида, хонандагони гимназияи онҳо Умеда Мирова , Илҳомҷон Баҳодурзода ва Дониёр Ғолиев ғолиб шудаанд. Ин бори аввал нест, ки мактабхонони тоҷик дар озмунҳои соҳаи нанотехнология пирӯз мешаванд. Чанд сол қабл Хурсанд Ёров, хатмкардаи гимназияи «Ҳотам ПВ» ҳам дар озмуни нанотехнологие дар Маскав дастболо гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






