Кӯмаки “Амонатбонк» ба мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекева). — Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» чун сарпарасти ҳамешагии мактаб -парваришгоҳ барои ятимону бепарасторони рақами 1 ноҳияи Рӯдакӣ ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай иқдоми Сарвари давлат- дастгирии ятимону бепарасторон ва хайру зҳсонкорӣ ба ниёзмандонро хеле хуб ба роҳ мондааст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, ки ин навбат низ бо пайравӣ ба анъанаи накӯи наврӯзӣ ва пос доштани анъанаҳои ин ҷашни аҷдодӣ ба ин мактаб -парваришгоҳ, ки дар он беш аз 1346 нафар муҳассил таълиму тарбия мегирад, ки аз ин 266 нафараш бепарастор мебошад, ба маблағи беш аз 14000 сомонӣ молу маҳсулоти зарурӣ кӯмак расонида шуд. Кӯмаки хайрия, аз маводи гуногуни хӯрокӣ ва 6 мошинаи дарздӯзиву 2 телевизор иборат буд. Лозим ба ёдоварист, ки сарпарастии ин муассисаро «Амонатбонк» бо амри Президенти кишвар аз 1-уми августи соли 2007-ум ба уҳда дорад ва барои тарбиятгирандагони ин мактаб-парваришгоҳ хамеша дасти ёрӣ дароз намуда, ҳамаи мушкилоти ин муаасисаи таълимӣ ва муҳассилини онро сари вақт бартараф менамояд. Бояд зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ ин аллакай бори дуввум аст, ки аз тарафи «Амонатбонк» ба ин муассисаи давлатӣ кӯмак расонида мешавад. Кӯмаки аввалаи бонк маблағи беш аз 31 ҳазор сомониро дар бар мегирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






