КБСС дар шимолу ҷануби Тоҷикистон намояндагӣ мекушояд

Март 19, 2013 14:58

Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли равон дафтари намояндагии худро бо мақсади таҳкими робитаҳо дар шимолу ҷануби Тоҷикистон ифтитоҳ намояд». Ин нуктаро Каролине Доуиллез Садоуба- сардори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ зимни мулоқоташ бо Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз дошт. Амиршо Миралиев ба меҳмон доир ба фаъолияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон маълумот дода гуфт, ки Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои дунё сиёсати дарҳои бозро пеш мебарад. Мавсуф аз кӯмакҳои Кумитаи мазкур ба сохторҳои қудратии кишвар ёдрас намуда зикр кард, ки Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар ҳамбастагӣ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз рӯи як қатор лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба иброз дошт, ки мо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатии ин кишвар ҳамкориҳои хуб дорем. Дар Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла безарарсозии майдонҳои минакоришуда ва беҳбуди вазъи зиндониён ҳамкорӣ дошта, ният дорем, ки дар ин бахшҳо робитаҳои хешро боз ҳам тақвият бахшем. Дар фарҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариши муносиботи гуногунҷанба изҳор доштанд.

Март 19, 2013 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш