М. Неъматов: «Нақши ВАО дар татбиқи сиёсати ҷавонон назаррас аст»
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов имрӯз тамоми рӯзноманигорони кишварро бо Рўзи матбуот табрик намуд. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки: «Рўзи матбуоти тоҷикро ба Шумо, аҳли қалами кишвар аз номи кулли ҷавонону варзишгарони мамлакат табрик гуфта, бароятон дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва пешрафту шукуфоии ҳамешагии ватани азизамон Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам. Бояд гуфт, ки нақш ва мақоми намояндагони воситаҳои ахбори умум дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзишгарон ва захираҳои сайёҳии кишвар хеле назаррас аст. Бори дигар ин рўзи фархундаро бароятон муборакбод гуфта, ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми кормандони воситаҳои ахбори умум бахту иқболи баланд, сухани бурро, қалами тез ва дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои минбаъдаи кишвари азизамон Тоҷикистон муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор сарчашмаи илҳоми аҳли қалам ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдории истиқлолият ва шукуфоии Тоҷикистон бошад!».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






