«Модар нахустустод аст»
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Тавре ки котиби матбуотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фотима Яқубова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 5-уми марти соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар нахустустод аст» мизи мудаввар баргузор мегардад.Модар аз махлуқоти муътабари яздонист, ки дуояш назди офаридагор мақбулу пазирост. Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд зан-модар аст, ки миллат ва ҷомеаро тарбия менамояд, нақши ӯ дар тарбия, нигоҳубин ва камолоти маънавию ҷисмонии ҳам фарзанд ва ҳам ҷомеа басо бузург мебошад.Дар назар аст, ки иштирокдорони чорабинӣ дар мавриди тарбияти хонаводагӣ ва вазифаҳои волидайн нисбат ба тарбияти фарзандон, нақши модар дар танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мулоҳизаронӣ намоянд. Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова, директори Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи Улум Абдувоҳид Шамолов ва шахсиятҳои дигари шинохтаи кишвар суханронӣ менамоянд.Дар доираи ин чорабинӣ ифтитоҳи расмии толори кӯдакона сурат мегирад. Баргузории ҳамоиш бори дигар собит менамояд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон дар мавриди боло бурдани нақши зан дар ҷомеа ва арҷ гузоштан ба модарон дар ҳаёт бо вусъати бештаре амалӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






