Муҳокимаи амнияти маводи ғизоӣ
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш Ташкилоти маводи ғизоӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид якҷоя бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳошияи лоиҳаи «Мусоидат ба вусъат бахшидани низоми иттилоотии миллии амнияти маводи ғизоӣ» семинари даҳрӯза аз рӯи ҷиҳатҳои асосӣ ва консепсияҳои амнияти маводи ғизоиро ташкил намуд. Дар кори семинар 36 нафар аъзои Гурӯҳи техникии корӣ оид ба амнияти маводи ғизоии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ширкат доранд. Иштирокдорони семинар бо консепсияҳои низоми иттилоотии амнияти ғизоӣ, усулҳои арзёбӣ ва таҳлили вазъияти амнияти маводи ғизоӣ шинос мешаванд.Дар семинар сармутахассиси шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Тоҳирҷон Содиқов зикр намуд, ки солҳои охир вазъи бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар хеле беҳтар гардида, вале дар ин росто камбудиҳо низ ба назар мерасанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






