Муҳокимаи сатҳи баланди масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об

Март 23, 2013 12:18

Душанбе, 23 март. (АМИТ «Ховар»). — 22-юми марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Муколамаи сатҳи баланди Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок ва суханронӣ кард.
Муколамаи сатҳи баланд доир ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об бо сухани муқадимавии Президенти Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ Вук Йеремич оғоз гардида, дар кори он ҳамзамон Дабири кулли СММ Пан Ги Мун бо паёми шодбошӣ баромад намуд.
Сипас аз миёни иштирокчиёни ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони кишварҳои узви СММ яке аз нахустинҳо шуда Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз номи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Оқил Оқилов изҳор дошт, ки чорабинии мазкур яке аз се тадбири муҳим дар доираи Соли байналмилаии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013, ки бо пешниҳод ва ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, бо қатьномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидааст, баҳисоб рафта, аз ҷумлаи тадбирҳои тақвиятбахш ва ҳамоҳангсози раванди ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об мебошад.
Таъкид шуд, ки қабули қатънома доир ба эълон намудани соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об шаҳодат аз он медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба об ва дастрасӣ ба он имрӯз ба мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфта, бори дигар дар ин самт масъалаи таҳкиму тавсеа додани ҳамкорӣ ва ҳамшарикии амиқи давлатҳои сайёраро пеш гузоштааст.
Ба андешаи Сарвазири мамлакат таъмин ва дастрасии мардумони сайёра бо об, истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори офатҳои табиии марбут ба об аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири таъмини ҳадафҳои рушди устувор бояд роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар ва амиқтар пеш гирифта шавад.
Оқил Оқилов изҳор дошт, ки мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об тағйирнопазир буда, маротибаҳои зиёд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ садо додаанд. Мувофик ба ин мақому мавқеи худ ҷониби Тоҷикистон пайваста хостгори ҳамкориҳои самарабахш дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа буда, дар оянда низ барои рафъи мушкилоти таъмини об ва истифодаи самараноки захираҳои он тадбирҳои арзишманди сатҳи минтақавию ҷаҳониро амалӣ менамояд.
Оқил Оқилов изҳори боварӣ кард, ки баргузории Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ дар ҳалли масоили марбут ба мушкилоти об дар тамоми кишварҳои сайёра ва минтақаҳои он мусоидат карда, заминаҳои созгори тақвияти ҳамгироии минтақавию ҷаҳониро дар доираи соли байналмилалии ҳамкориҳо дар сохаи об фароҳам меоварад.
Тавре таъкид карда шуд, соли равон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор хоҳад шуд. Оқил Оқилов ба ҳайси роҳбари кумитаи тадорукоти ин конференсия аз иштирокчиёни муколамаи сатҳи баланд даъват ба амал овард, ки дар кори ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ бо пешниҳоди роҳу усулҳои нави беҳбудбахшии ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об иштирок намуда, дар амалӣ намудани тадбирҳои арзишманди ҷониби Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба об саҳмгузор бошанд.

Март 23, 2013 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад