Мулоқот бо намояндагони Афғонистон
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҳти роҳбарии вазири молияи ин кишвар Умар Заҳилвол баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ, баргузории бизнес-форумҳо бо иштироки соҳибкорони ҳарду ҷониб аз мавзуъҳои калидии гуфтугузори ҳайатҳо маҳсуб гардид. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






