Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония

Март 28, 2013 18:08

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).-Зимни вохӯрӣ бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Куичи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари рушдёфтаи ҷаҳон баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “ҳавасмандии самимии Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкории дарозмуддати гуногунҷанба бо Япония” таъкид дошт.Аз дастгириҳои беғаразонаи Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо аз ҷониби Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.Тавре зикр гардид, дар ҳошияи ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугӯи Осиё доир ба ҳамкорӣ боз 2 санади нав оид ба кумаки техникии Япония ба бахшҳои роҳсозӣ ва тандурустии Тоҷикистон ба имзо мерасад.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, ки ҳамзамон ба рушди Афғонистон нигаронда шудаанд ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 28, 2013 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад