Мулоқоти Э. Раҳмон бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар вохӯрӣ бо собиқ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра, ки яке аз муассисони Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё мебошад, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳам ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Таиланд баррасӣ шуд.Аз раванди рушди ҳамкории судманди ду кишвар, ки аз замони сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд дар моҳи августи соли 2005 такон ёфта буд, изҳори қаноат карда шуд.Арзи боварӣ карда шуд, ки сафари ояндаи Сарвазири кунунии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.Аз номи Сарвазири Таиланд хонум Йинглак Шинаватра аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шуд, ки барои иштирок дар Форуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки охирҳои моҳи майи соли равон баргузор мегардад, ба Таиланд ташриф барад.Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






