Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ
Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар»).-26 феврали соли 2013 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Раиси кумитаи сармоягузории (Saudi General Investment Authority) Мамлакат Абдуллатиф ибни Аҳмад ал-Усмон сурат гирифт. Дар вохӯрӣ Сафири Тоҷикистон раиси Кумитаро ба муносибати ба мақоми Ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ таъйин шуданаш муборакбод намуд. Сипас ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯи барпо намудани пояи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла оид ба Созишномаи ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






