Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба ҷашни Наврӯз
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Аз 9-ум то 31-уми март бо ибтикори вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои кишвар баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ ин мусобиқа зери шиори «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «Спитамен»-и вазорат гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд. Гуфта мешавад дархостҳо барои иштирок дар ин мусобиқа то 7-уми март қабул мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






