Нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо супориши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурилло Орипов ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ доир намуд. Зимни сафар муовини аввали вазир бо раиси ноҳияи мазкур Усмон Сабзов ва намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ ва шаҳрвандон вохӯрӣ намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ даъват намуд. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни санҷиш муайян шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» беаҳамиятӣ зоҳир намуда, то имрӯз талаботи Фармони мазкурро иҷро накардаанд. Ҳол он ки дар банди 2-и Фармони мазкур дарҷ гардидааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки нозирони минтақавии милитсияро бо ҳуҷраҳои корӣ, таҷҳизоти зарурӣ, телефон ва дигар намуди воситаҳои алоқа, мебел, компютер, воситаҳои нақлиёти хизматӣ (дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳӣ бо аспҳо) таъмин намоянд. Баъди гузаронидани санҷиш якчанд нафар нозирони минтақавии милитсия, ки бо аҳли ҷамоатчигӣ ва аҳолӣ ҳамкории ғайриқаноатбахш ва заруриро ба роҳ намондаанд, ба дигар ноҳияҳо гузаронида шуда ва баъзеи дигарашон аз вазифаҳои хизматиашон сабукдӯш шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






