Нашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ дар Қоҳира
Душанбе, 11 март (АМИТ «Ховар»).- Моҳи марти соли ҷорӣ дар нашриёти мисрии «Дору-л-фикри-л-арабӣ» дар шаҳри Қоҳира ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ ба табъ расид. Ҳамин тавр китоби мазкур дар Миср пурра ба забони арабӣ тарҷума ва нашр шуд.Се ҷилди аввали китоб ҳанӯз соли 2009 дар нашриёти мазкур ба табъ расида, моҳи июли ҳамон сол маросими тақдими он дар ҳошияи саммити 15 давлати адами тааҳҳуд дар Шармушшайх бо иштироки муаллиф баргузор гардид.Ҷилди чоруми китобро арабидони хушсалиқа Акрам Каримов аз забони тоҷикӣ ба забони арабӣ дар зери назари узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар тарҷума кардааст. Дар ин ҷилд марҳилаи нуфузи тамаддуни ислом ба Хуросону Мовароуннаҳр ва эҳёи рукнҳои фарҳанги миллӣ, таъсиси давлати Тоҳириёну Саффориён ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.Шоистаи ёдоварист, ки тарҷумаи арабии се ҷилди аввали ин китоб ба қалами олимони шинохтаи Миср устоди Донишгоҳи Айн Шамс доктор Макорим ал-Ғамрӣ (ҷилди 1) ва устоди Донишгоҳи Қоҳира доктор Абдулваҳҳоб Аллуб (ҷилди 2 ва 3) тааллуқ дорад.Тарҷума ва нашри чоргонаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони арабӣ дар шиносонидани таърихи куҳан ва фарҳанги асили тоҷикон дар ҷаҳони араб дорои аҳамияти фавқулодда мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






