Натиҷагирӣ аз ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲО
Дцшанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Шоми имрӯз бо ба имзо расидани Эъломияи Душанбе ва баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Таиланд ҷаласаи 11 уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмони Муколамаи ҳамкории Осиё ба кори худ анҷом бахшид. Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ аз натиҷаҳои кори ҷаласа изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт: «Дар рафти ин ҳамоиш собит гардид, ки тамоми кишварҳои иштирокдори он оид ба пайдо намудани роҳу василаҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ба роҳ мондани шаклҳои устувори истеҳсолот, ҷорӣ намудани иқтисоди «сабз», таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба технологияҳои нав, эътирофи ҳуқуқи инсон ба оби тоза ва дигар масоили мубрам назари муштарак доранд, ки ин назари муштарак дар санади ниҳоии ҷаласа- Эъломияи Душанбе-2013 ба таври мушаххас инъикос ёфт ва якдилона қабул шудани он натиҷаи муҳими ин ҳамоиш мебошад». Муовини вазири корҳои хориҷии Таиланд низ дар суханронии худ натиҷаҳои кори ҷаласаро назаррас арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки ҷониби Таиланд омода аст, то ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар доираи Муколамаи ҳамкории Осиё рушд диҳад. Ба иттилои Ҳамрохон Зарифӣ ҷониби Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти мавзӯи об ва зарурати густариши ҳамкориҳо дар ин соҳа пешниҳод намудааст, то дар доираи Муколамаи ҳамкории Осиё самти 21-уми ҳамкорӣ — «Оби тоза барои ҳаёт» эълон гардад. «Бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе ба фаъолияти Муколамаи ҳамкории Осиё хислати амалӣ бахшида, ба татбиқи самараноки барномаҳои мушаххас дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад намуд»- иброз намуд Ҳамрохон Зарифӣ. Дар охири нишаст вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Тайланд ба суолҳои намояндагони васоити ахбори умум посухҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






