Наврӯз дар Парлумони Аврупо
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш бо ибтикори ноиби президенти Парлумони Аврупо Изабел Дюран дар шаҳри Брюссел ба ифтихори Наврӯз маҳфили ботантана баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли тиҷорат, илму фарҳанг, васоити ахбори оммаи Аврупо ва ҷамоаи тоҷикон ширкат доштанд. Шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Лювени Белгия Шоира Мӯҳсинова зимни суханрониаш аз ҷониби ҷамоаҳои тоҷикон дар Белгия, Нидерланд, Люксембург ва Фаронса аз анъанаҳои таҷлили Наврӯз нақл кард. Сипас маросими намоиши либосҳои миллии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардида, барномаи консертӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






